Ҳ. ЗАРИФӢ БА ЮНОН РАФТ

Декабрь 1, 2009 10:18

                  Душанбе, 1 декабря. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 30 ноябр ба шаҳри Афинаи Юнон рафт.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳ.Зарифӣ рӯзҳои 1 ва 2 декабр дар машварати 17 – уми вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ширкат хоҳад варзид.                     Тибқи нақша вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷараёни сафар бо роҳбарони ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳида, Олмон, Қазоқистон, Булғористон, Словакия ва Юнон мулоқотҳо анҷом медиҳад. Инчунин мулоқотҳои Ҳамрохон Зарифӣ бо Муншии умумии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Марк Перрен де Бришамбо, директори маркази пешгирии муноқишаҳои созмон Херберт Залбер, Комиссари олии масъалаҳои ақаллиятҳои миллии созмон Кнут Воллебек ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пер Морел ба нақша гирифта шудаанд. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои марбут ба муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима карда мешаванд. 

Декабрь 1, 2009 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид