ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДОИМОАМАЛКУНАНДАИ БУҶАВӢ
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояаҳмедова). — Имрӯз, дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи комиссияи доимоамалкунандаи буҷавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа иҷрои бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010», нақша ва иҷрои бандҳои буҷаи мамлакат дар соли 2009 баррасӣ шуд. Ҳамчунин, аъзои комиссияи доимоамалкунандаи буҷавӣ масоили дарёфти сарчашмаҳои нави буҷавӣ ва ҷамъоварии қарзҳои боқимондаро аз андозсупорандагон муҳокима карданд. Дар кори ҷаласа роҳбарони як катор вазорат ва идораҳои молиявӣ ва иқтисодӣ иштирок карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






