ҶОНИБДОРАНД
Тоҷикобод, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).- Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ноҳияи Тоҷикобод мулоқоти фаъолони ноҳия бо котиби масъули ҷамъияти «Пайванд» Исомуддин Салоҳиддинов барпо гардид. Мавзӯи асосии мулоқот дар пуштибонӣ намудани иқдоми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии моддиву маънавии бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» иборат буд. Аз муҳтавои суханронии баромадкунандагон маълум гардид, ки аз тарафи мардуми ноҳияи Тоҷикобод алҳол беш аз 40 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби бунёдкорони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ирсол гардидааст. Инчунин иштирокчиёни мулоқот иброз доштанд, ки баъди баромадани саҳмияҳо соли 2010 онҳоро харидорӣ намуда, дар бунёди ин иншооти муҳими аср ҳиссагузорӣ намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






