АНҶУМАНИ РУСЗАБОНҲОИ БУРУНМАРЗӢ

Декабрь 3, 2009 15:07

                    Маскав, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар Маскав анҷумани ҷаҳонии русзабонҳои бурунмарзӣ анҷом ёфт. Дар он намояндагони 90 мамлакати ҷаҳон ширкат варзиданд. Аз Тоҷикистон дар ин анҷуман 9 нафар — Г.Кошлаков, Л.Хоҷаева, В.Юшин, Е.Копченова, Э.Ғафурова, Т.Мелникова, В.Тарасов, З.Гуссаова ва Г.Қурбонова иштирок доштанд.                    Ҳадафи анҷуман муҳокимаи проблемаҳои русзабонони хориҷӣ, аз ҷумла, масъалаи ҳимояи ҳуқуқи онҳо аз ҷониби Русия мебошад.                      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев сухан кард. Вай русзабонҳоеро, ки дар мамлакатҳои дигар зиндагӣ мекунанд, ба бозгашт ба ватани авлодиашон даъват намуд. Президент зикр намуд, ки бо ин мақсад ба онҳо ҳамаҷониба кӯмак расонда мешавад.

Декабрь 3, 2009 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид