МАРОСИМИ ПЕШНИҲОДИ САҲМИЯҲОИ РОҒУН
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 25 декабр дар вазорати молияи ҷумҳурӣ маросими пешниҳоди саҳмияҳои НБО «Роғун» барои ҳамаи идораҳои манфиатдори давлатӣ баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки тамоми маблағи аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омада дар суратҳисоби махсуси вазорати молия ва Бонки давлатии «Амонатбонк» ҷамъ оварда хоҳад шуд. Тавре хабар дода шуда буд, саҳмияҳои НБО «Роғун» бо қимати 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз 6 январи соли 2010 сар карда ба фурӯш бароварда мешаванд. Саҳмияҳо дар дохили мамлакат ба воситаи муассисаҳои «Амонатбонк» пешкаши харидорон гардонда мешаванд, инчунин фурӯши саҳмияҳо ба шаҳрвандони дар хориҷи мамлакат будаи Тоҷикистон низ пешбинӣ карда мешавад. Дар Бонки давлатии «Амонатбонк» барои фурӯхтани саҳмияҳо ва ҷамъ овардани маблағи онҳо суратҳисоби махсус бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ кушода шудааст. «Амонатбонк» маблағи ҳаррӯзаи фурӯши саҳмияҳоро ба суратҳисоби махсуси вазорати молия мегузаронад. Инчунин ҳар даҳ рӯз ба вазорати молия дар бораи ҷараёни фурӯши саҳмияҳо ҳисобот дода хоҳад шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ тартиби истифодаи маблағи фурӯши саҳмияҳоро муқаррар менамояд. Бояд гуфт, ки саҳмияҳои Роғун танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта мешавад. Саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро зимни гирифтани қарз ба гарав гузошта, дар бозори қоғазҳои қиматбаҳо фурӯхта ё ба шахси дигар тӯҳфа кардан мумкин аст.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






