НАМОЯНДАГИИ ВКД ТОҶИКИСТОН БА МУҲОҶИРОН КӮМАК МЕРАСОНАД

Декабрь 5, 2009 10:44

                   Душанбе , 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Котиби матбуоти намояндагии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Дилбар Хоҷаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки кормандони намояндагӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷик барои ҳалли масъалаҳои гуногуни кору зиндагиашон дар ин мамлакат кӯмак мерасонанд. Вале кӯмаки кормандони намояндагӣ асосан бо рӯёндани музди кори коргарони муҳоҷир маҳдуд мегардад.                     Асосан сардорони бригадаҳои сохтмончиён барои рӯёндани музди корашон аз корхонаю ширкатҳои бинокорӣ ба намояндагӣ муроҷиат мекунанд.                    Дар давоми даҳ моҳи соли равон ба намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 134 ариза ворид гардид. Аз ҷумла, 24 нафар коргари муҳоҷири тоҷик, ки дар ширкати «Эталонстрой» — и корхонаи мошинсозии «ЗИЛ» кор мекарданд, ариза дода, хоҳиш карданд, ки музди кори онҳо аз моҳи ноябри соли 2008 то моҳи январи соли 2009 ба маблағи 776 ҳазор рубли Русия рӯёнда шавад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи кормандони намояндагии ВКД Тоҷикистон музди кори 14 нафар аъзои бригадаи мазкур рӯёнда дода шуд.                      Д.Хоҷаева зикр намуд, ки чунин масъалаҳо асосан дар натиҷаи ҳамкории намояндагӣ бо мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Русия мусбат ҳал карда мешаванд. Аз ҷумла, мувофиқи аризаи сардорони бригадаҳои бинокорон А.И.Иброҳимов ва М.К.Давлатов аз Ҷамъияти саҳҳомии «СКС» — и шаҳри Маскав музди кори аъзои бригадаҳои онҳо ба маблағи 1 миллиону 400 ҳазор рубли Русия рӯёнда шуд. Инчунин бо кӯмаки кормандони намояндагӣ коргарони муҳоҷири тоҷик З.Нозимов музди кори худро ба маблағи 45 ҳазор рубл, Ф.Одилов 55 ҳазор рубл ва И.Махсумов 65 ҳазор рубл гирифтанд.

Декабрь 5, 2009 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид