ТАҶЛИЛИ 85 – СОЛАГИИ ПРОКУРАТУРАИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар»,Таҳмина Ғоибназарова).– Имрӯз дар Душанбе бахшида ба 85 — солагии прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони прокуратура ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Ҷамъомадро прокурори генералии ҷумҳурӣ Бобохон Бобохонов кушода, дар маърӯзаи хуц роҷеъ ба дастовардҳои прокуратура дар давоми 85 сол сухан ронд. Ба ин муносибат ба гурӯҳи калони кормандони беҳтарини мақомоти прокуратура тӯҳфаҳои хотиравӣ ва унвонҳои ифтихорӣ супорида шуданд. Инчунин дар назди ҳозирон мутахассисони ҷавони прокуратура савганд ёд карданд. Имрӯз дар мақомоти прокуратураи мамлакат бештар аз ҳазор нафар кор мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта буданд. Яке аз аввалин прокурорҳои мамлакат дар солҳои бистуми асри гузашта Муллоҷон Саъдуллоев буд. Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи воҳиди марказонидашудаи мақомотест, ки дар доираи салоҳияташон иҷрои аниқ ва якхелаи қонунҳоро дар саросари мамлакат назорат мекунанд. Прокуратураи Тоҷикистон вазифаҳои дигарро низ иҷро менамояд, ки Конститутсия (Қонуни асосӣ) ва қонунҳои дигар муқаррар менамоянд. Асоси фаъолияти прокуратураи мамлакатро таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи қонун бо мақсади ҳимояи мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ ва сиёсии инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохти демократии ҳокимияти давлат ва мақоми қонунии фаъолияти намояндагони мақомоти давлатӣ мебошад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






