ТАҶЛИЛИ 85 – СОЛАГИИ ПРОКУРАТУРАИ ТОҶИКИСТОН

Декабрь 14, 2009 16:00

                Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар»,Таҳмина Ғоибназарова).– Имрӯз дар Душанбе бахшида ба 85 — солагии прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони прокуратура ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Ҷамъомадро прокурори генералии ҷумҳурӣ Бобохон Бобохонов кушода, дар маърӯзаи хуц роҷеъ ба дастовардҳои прокуратура дар давоми 85 сол сухан ронд.                    Ба ин муносибат ба гурӯҳи калони кормандони беҳтарини мақомоти прокуратура тӯҳфаҳои хотиравӣ ва унвонҳои ифтихорӣ супорида шуданд.                   Инчунин дар назди ҳозирон мутахассисони ҷавони прокуратура савганд ёд карданд. Имрӯз дар мақомоти прокуратураи мамлакат бештар аз ҳазор нафар кор мекунад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта буданд. Яке аз аввалин прокурорҳои мамлакат дар солҳои бистуми асри гузашта Муллоҷон Саъдуллоев буд.                     Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи воҳиди марказонидашудаи мақомотест, ки дар доираи салоҳияташон иҷрои аниқ ва якхелаи қонунҳоро дар саросари мамлакат назорат мекунанд.                      Прокуратураи Тоҷикистон вазифаҳои дигарро низ иҷро менамояд, ки Конститутсия (Қонуни асосӣ) ва қонунҳои дигар муқаррар менамоянд. Асоси фаъолияти прокуратураи мамлакатро таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи қонун бо мақсади ҳимояи мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ ва сиёсии инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохти демократии ҳокимияти давлат ва мақоми қонунии фаъолияти намояндагони мақомоти давлатӣ мебошад.

Декабрь 14, 2009 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид