ВАЗЪИ МУСИҚӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ ДАР КАДОМ САТҲ АСТ?

Декабрь 14, 2009 15:23

                     Душанбе, 14 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҳамоиши «Мусиқии миллии тоҷикӣ ва эронӣ: решаҳо ва ҳамсониҳо», ки 14 декабр дар Душанбе баргузор шуд, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Эрон дар бахши мусиқӣ баррасӣ гардид. Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев доир ба сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба эҳё ва рушди мусиқии миллӣ, вазъ ва дурнамои мусиқии тоҷикӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахши мусиқӣ ибрози назар кард. Мавсуф гуфт, ки дар ҷаҳони тамаддун ҳар миллатро бо мусиқӣ, ки як рукни фарҳанги миллист мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз, ин рӯ афзуд, Миралӣ Достиев дар шароити ҷаҳонишавӣ бояд арзишҳои фарҳангиро, бахусус мусиқии суннатиро ҳифз кард.                      Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст зимни суханронии худ роҷеъ ба ҳамсонии мусиқии эронӣ ва тоҷикӣ аз назари решаӣ иброз назар карда гуфт, ки мусиқии тоҷикию эронӣ аз як сарчашма манша мегиранд ва он пайвандгари миллатҳост. Дипломати эронӣ баргузории чунин ҳамоишро қадами устуворе дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар дар бахши мусиқӣ арзёбӣ кард.                      Муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Фароғат Азизӣ дар мавзӯи «Мусиқии тоҷик ва бозтоби он дар хориҷа» сухан кард. Вай гуфт, ки мусиқии тоҷикию эронӣ решаҳои қавию устувор дошта, тӯли солҳои охир бо таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ густариш меёбад. Ф. Азизӣ пешниҳод кард, ки бояд байни ду кишвар феҳристҳои муштараки мусиқӣ таҳия карда шавад, инчунин баргузории ҳамоишҳо, ки дар он масъалаҳои вобаста ба густариши мусиқӣ баррасӣ мегарданд ҳар сол ташкил карда шавад.                    Дар ҳамоиш олимони шинохтаи мусиқашинос Аскаралӣ Раҷабов, Аслиддин Низомов, Хуршед Низомов ва дигарон доир ба паҳлӯҳои гуногуни густариши мусиқӣ, вазъ ва дурнамои он, моҳияти иҷтимоии мусиқӣ, тақвияти робитаҳо дар бахши мусиқӣ байни Тоҷикистону Эрон табодули назар карданд. Хусусан, маърӯзаҳои донишмандони тоҷик дар мавзӯҳои «Забони форсӣ ва нақши он дар густариши мусиқӣ», «Шашмақоми тоҷикӣ», «Ҷойгоҳи сози най дар мусиқии тоҷикӣ», «Мавригихонӣ дар Бухоро», «Гурӯғлихонӣ дар Тоҷикистон», «Мусиқии фалак ва мактаби Одина Ҳошим» ва «Дафу доира ва оғози пайдоиш» хеле ҷолиб буданд.  

Декабрь 14, 2009 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд