Ҳ.ЗАРИФӢ БА ИСТАМБУЛ РАФТ
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти роҳбарону намояндагони минтақавии мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон ба шаҳри Истамбул рафт. Мулоқоти мазкур 26 январ кушода мешавад. Дар он баробари сарони давлатҳои Туркия, Афғонистон ва Покистон ноиби аввали президенти Эрон, муовини сарвазири Туркманистон, вазирони корҳои хориҷии Британияи Кабир, Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, вазири давлатии Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, муншиҳои умумии Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони тадбирҳои ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат меварзанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






