Ҳ.ЗАРИФӢ БА ЛОНДОН РАФТ

Январь 28, 2010 15:47

                Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Лондон бахшида ба проблемаҳои Афғонистон конфронси байналхалқӣ кушода шуд.                  Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, ки дар Истамбул қарор дошт, барои иштирок дар конфронси мазкур 27 январ ба Лондон рафт.                   Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Лондон панҷ барномаро ба муҳокимаи иштирокчиёни конфронс пешниҳод менамояд, ки хадафи онҳо мӯътадил сохтани вазъияти Афғонистон ва пешрафти иқтисодиёти он мебошад. Ин барномаҳо сохтмони роҳи оҳанро дар байни Тоҷикистону Туркманистон ба воситаи қаламрави Афғонистон, сохтмони роҳи мошингард ва хати интиқоли газро дар байни Тоҷикистону Туркманистон ба воситаи Афғонистон ва кашидани хати интиқоли барқро аз Тоҷикистон то шаҳрҳои Кобул ва Пешовар пешбинӣ менамоянд.                   Дар конфронси Лондон се масъалаи асосии сиёсии Афғонистон – таъмини амният, идораи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, рушди иқтисодӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои минтақавӣ муҳокима карда мешаванд.                     Бояд гуфт, ки дар аввали соли 2010 бахшида ба Афғонистон ду конфронси байналхалқӣ баргузор гардид. Яке аз онҳо рӯзҳои 25 ва 26 январ дар Истамбул гузаронида шуда, роҳҳои мӯътадил сохтани вазъияти Афғонистонро муҳокима намуд. 

Январь 28, 2010 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид