16 НАФАР ҶАРОҲАТИ ҶИСМОНӢ БАРДОШТАНД
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти БДА подполковник Шерафган Латифов, аз 1 то 17 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 17 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуд. Бар асари он 2 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд. Ҳафтаи сипаришуда ронандаи автомашинаи тамғаи «КIA» Камолиддин Каримов, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Борбад пиёдагард Сӯҳроб Силтолиев, сокини пойтахт, корманди Амонатбонкро зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа бо гирифтани зарари вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






