АБДУҶАББОР РАҲМОНОВ ВА ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ КАДРӢ

Январь 21, 2010 10:51

                    Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар конфронси ҷамъбастӣ, ки ба соли 2009 дар Вазорати маориф доир гардид, вазир аз нарасидани 25 нафар муаллимон, аз ҷумла 7 нафар дар ВМКБ, 15 нафар дар вилояти Хатлон ва 3 нафар дар вилояти Суғд ном бурд, ки боиси шакку шубҳаи хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар гардид.                      Дар муддати се – чор моҳи охири соли 2009 ҳал шудани масъалаи кадрии педагогиро вазир шарҳ дода иброз дошт, ки ин мушкилотро бо ду роҳ дар вазорати маориф ҳал карданд.                    а) аз ҳисоби кам кардани соатҳои таълимӣ                    б) бо роҳи ба мактабҳо фиристонидани донишҷӯён                   Ҳанӯз дар ибтидои соли таҳсил вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Рахмонов ба хабарнигорон иброз дошт, ки мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба 4713 нафар мутахассисони педагогӣ ниёз доранд. Дар се – чор моҳ таъмин кардани 4713 нафар кадри педагогиро дар мактабҳои таълимоти ҳамагонии ҷумҳурӣ шубҳаовар ба назар мерасад. 

Январь 21, 2010 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд