БА ПОЙТАХТ ТЕХНИКАҲОИ КОММУНАЛӢ ВОРИД КАРДА ШУД

Январь 20, 2010 10:54

                 Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). –Ба пойтахт аз ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Заводи истеҳсоли мошинҳои коммуналии шаҳри Мтсенск»-и Федератсияи Русия 48 адад техникаи коммуналӣ ва 24 адад контейнерҳои партовҷамъоварӣ барои эҳтиёҷоти раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ворид карда шуд. Дар робита дар пойтахт расми ба истифодабарии техникаҳои коммуналӣ баргузор шуд. Мутаносибан ба ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Сино 14 ададӣ, Шоҳмансур 12 адад ва ноҳияи Фирдавсӣ бошад 8 адад техникаи коммуналӣ тақсим карда шуданд.                   Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки техникаҳои мазкур тибқи қарордоди имзонамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Заводи истеҳсоли мошинҳои коммуналии шаҳри Мтсенск»-и Федератсияи Русия ба пойтахт оварда шуданд.                  Мавриди зикр аст, ки техникаи коммуналӣ ва контейнерҳо ба маблағи 11 миллиону 532 ҳазору 771 сомонӣ аз буҷети шаҳр ҷудогардида, барои эҳтиёҷоти сохторҳои коммуналии ноҳияҳои пойтахт баҳри дар ҳолати хуби санитарию экологӣ нигоҳ доштани пойтахт харидорӣ карда шуданд.                    Бояд тазаккур дод, ки тибқи амалисозии лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишӣ ҳамчун компоненти муҳими лоиҳа, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мешавад харидории теъдоди зиёди техникаҳои коммуналӣ ва қуттиҳои партовҷамъкунӣ низ пешбинӣ гардидаанд.

Январь 20, 2010 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид