ГУРӮҲҲОИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТКОР БАРҲАМ ДОДА ШУДАНД
Хуҷанд, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сардори шӯъбаи тафтишоти фаврии Раёсати назорати маводи нашъадори вилояти Суғд Мирзоравшан Қутбиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки кормандони раёсат дар давоми соли 2009 — ум 12 гурӯҳи муташаккили ҷинояткорро ошкор намуда ва барҳам доданд. Гурӯҳҳои мазкур ҳамагӣ 39 нафар аъзо дошта, ба хариду фурӯши маводи нашъадор машғул буданд. Кормандони раёсат соли гузашта 177 килограмму 349 грамм маводи нашъадор, аз ҷумла 161 килограмму 72 грамм героинро мусодира карданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки соли гузашта дар вилояти Суғд 257 ҷинояти вобаста ба хариду фурӯши маводи нашъадор содир карда шуд. Кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот дар ин давра қариб 636 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла, 340 килограмм героинро мусодира карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад






