МУЛОҚОТИ НАХУСТИНИ СААД ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Маскав, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа 18 январ дар Маскав бахшида ба масъалаи натиҷаҳои фаъолияти созмон дар соли 2009 ва нақшаҳои соли 2010 нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Воқеаи муҳимтарини соли 2009 ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилии созмон мебошад, гуфт Н.Бордюжа. Қайд карда шуд, ки фаъолияти Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ тӯли солҳои оянда бештар такмил дода хоҳад шуд. Соли 2010 дар доираи созмон имзои се созишномаи нав пешбинӣ карда мешавад. Ба қавли Н. Бордюжа самти асосии фаъолияти созмон дар соли оянда қабули маҷмӯи ҳуҷҷатҳо дар бораи такмил додани фаъолияти қувваҳои мазкур ва роҳу усулҳои истифодаи онҳо аст. Қайд карда шуд, ки соли 2010 дар доираи созмон маркази ҷавонон таъсис дода, дар бораи нақши он дар минтақаи Осиёи Марказӣ машваратҳо гузаронида мешаванд. Мулоқоти нахустин дар ин бобат дар пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт, гуфт Н.Бордюжа.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






