НАТИҶАҲОИ СИЁСАТИ БЕРУНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2009

Январь 19, 2010 11:47

                   Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 18 январ дар ҷараёни нишасти матбуотии бахшида ба натиҷаҳои сиёсати берунии Тоҷикистон дар соли 2009 зикр кард, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта бо мақсади ривоҷ додани ҳамкорӣ бо мамлакатҳои дигар, иштирок дар мулоқотҳои гуногун ва ҷамъомадҳои байналхалқӣ ба мамлакатҳои дигар 24 сафари расмии давлатӣ ва корӣ анҷом дод. Соли гузашта 9 ҳайати мамлакатҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, инчунин 42 ҳайати гуногунпояи хориҷӣ барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон омаданд. Зимни ин мулоқотҳо ва гуфтушунидҳо имкониятҳои вусъат додани ҳамкорӣ ва равобити байналмилалии Тоҷикистон бо мамлакатҳои дигар муҳокима шуданд.                    Соли 2009 бо мақсади мустаҳкамтар сохтани заминаи қонунии ҳамкории Тоҷикистон бо амлакатҳои дигар 62 ҳуҷҷат, аз ҷумла 28 созишномаи байналхалқӣ имзо карда шуд. Ин ҳуҷҷатҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва таъмини амният марбут мебошанд.                   Қайд карда шуд, ки сиёсати берунии Тоҷикистон дар соли 2009 бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ натиҷаҳои назаррас дошт. Соли 2009 ҳаҷми хариду фурӯши мол бо мамлакатҳои хориҷӣ нисбатан кам шуд.                      Ҳ.Зарифӣ зикр намуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқӣ сол то сол бештар густариш меёбад. Соли 2009 фаъолияти созмонҳои байналхалқии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ дар Тоҷикистон асосан ба кам кардани оқибат ва зарари бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ равона карда шуд, гуфт вазир.                    Тӯли се соли охир шумораи намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ 13 адад зиёд шуд, айни ҳол дар мамлакатҳои хориҷӣ 31 намояндагии дипломатии Тоҷикистон фаъолият дорад.                    Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа то имрӯз ба ҳисоби сохтмони НБО «Роғун» 110 ҳазор сомонӣ гузаронида, саҳмияҳои онро ба маблағи 1 миллиону 778 ҳазору 700 сомонӣ хариданд, гуфт Ҳ.Зарифӣ. 

Январь 19, 2010 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад