ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ ИВАЗ КАРДА ШУД

Январь 30, 2010 13:42

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Имрӯз бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Салимов Шерхон Одинаевич Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Номбурда дар ин вазифа Бобоҷон Бобохоновро иваз намуд. Ш.Салимов 1 январи соли 1957 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Соли 1979 Донишгоҳи Милли Тоҷикистон (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон) — ро бо ихтисоси ҳуқуқшинос  хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ҳамчун ҳуқуқшиноси иттиҳодияи  «Селхозхимия» — и вилояти Кӯлоб оғоз кардааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ ИҶШС ёрдамчии калони прокурор, муфаттиши калони прокуратураи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, нозири шӯъбаи давлат ва ҳуқуқи кумитаи ҳизби коммунисти вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, мудири шӯъбаи давлат ва ҳуқуқи кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, прокурори ноҳияи Шӯрообод, сардори шӯъбаи кадрҳои Прокуратураи ҶТ, прокурори ноҳияи Фрунзе (Фирдавсӣ) — и ш.Душанбе, муовини Прокурори генералӣ шуда кор кардааст. Солҳои 1998-2002 прокурори шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Моҳи апрели соли 2002 ва феврали соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз моҳи марти соли 2005 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат оид ба қонунҳои конститутсионӣ, қонунбарорӣ ва ҳуқуқи инсон кор карда аст. 10 январи соли 2007 Салимов Ш.О. бо Фармони Президент Директори Агентӣ оид ба назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия таъин карда шуд. Аз моҳи июни соли 2009 мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Сарвари давлат дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъин шуд. Бо ордени «Шараф» ва 5 медал мукофотонида шудааст.      

Январь 30, 2010 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад