ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОРМАНДОНИ ГУМРУК

Январь 26, 2010 12:17

                    Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). – Ҳар сол 26 январ дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии гумрук таҷлил карда мешавад. Ин санаи муҳим соли равон таҳти шиори «Такмили ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва гумрук бо роҳи шарокат» баргузор мегардад. Шумораи умумии кормандони муассисаҳои гумрук дар саросари ҷаҳон бештар аз 800 ҳазор нафар мебошад.                     Иди касбии кормандони гумрук рамзи ҳамдилии онҳо дар бобати ҳалли масъалаҳои таъмини амният ва манфиатҳои миллӣ дар ҷараёни ҳамлу нақли байналхалқии молҳо ва хизматҳо ба шумор меравад.                      Мухбири АМИТ «Ховар» зикр менамояд, ки Созмони ҷаҳонии гумрук 176 мамлакати ҷаҳонро муттаҳид месозад.                     Муоҳидаи таъсиси Шӯрои ҳамкории гумрукҳо моҳи ноябри соли 1952 эътибор пайдо карда буд. 26 январи соли 1953 дар Брюссел маҷлиси нахустини Шӯрои ҳамкории гумрукҳо баргузор гардид, ки баъдан, соли 1994 номи имрӯзаи худ – Созмони ҷаҳонии гумрукро гирифт. Дар он роҳбарону намояндагони хадамоти гумруки 17 мамлакати Аврупо иштирок доштанд.                     Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июли соли 1997 узви Созмони ҷаҳонии гумрук гардид.                      Ғояҳои иттиҳоди гумрукҳо дар муддати кӯтоҳ ҳамовозии бисёр мамлакатҳоро ба амал овард. Шӯрои ҳамкории гумрукҳо, ки дар аввал созмони хеле хурд буд ва якчанд давлати Аврупоро муттаҳид мекард, тадриҷан ба созмони мӯътабари байналхалқӣ табдил ёфт.                        Муншии умумии созмон Кунио Микурия дар паёми хеш ба унвони роҳбарони мамлакатҳои аъзои созмон чунин изҳор менамояд:                       «Хадамоти гумрук ҳамчун ҷузъи байналхалқии ҳамлу нақли мол бояд барои мусоидат ба рушди тиҷорат аз тамоми имкониятҳо истифода барад. Хадамоти гумрук ҷузъи асосии рушди иқтисодиёт буда, ҳамзамон вазифаи рушди соҳаи молиявӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаро иҷро менамояд. Фаъолияти муассисаҳои гумрук бояд ба ҳамкорӣ, истифодаи самарабахши қонунҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳо сафарбар карда шавад. Воситаи беҳтарини ба даст овардани ин ҳадафҳо ҳамкории муассисаҳои гумрук ва рушди тиҷорат мебошад».                      Барои муассисаҳои гумруки Тоҷикистон ҳамкории байналхалқӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти онҳо ба шумор меравад. Фаъолияти муассисаҳои гумруки Тоҷикистон соли 2009 ба рушди ҷараёни ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Иқтисодии Евразия, ИДМ ва СҲШ, вусъати ҳамкорӣ бо мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба роҳ андохтани муносибатҳои ҳамаҷониба бо созмонҳои байналхалқӣ ва мақомоти муҳофизи қонуни давлатҳои хориҷӣ равона карда шуд.                      Моҳи октябри соли 2009 дар маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай протоколи ҳамкории муассисаҳои гумруки мамлакатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи омода сохтан ва такмили маҳорати кормандони мансабдори хадамоти гумрук имзо карда шуд.                         Рӯзи байналхалқии кормандони гумрук на танҳо ифодагари ҳамкорӣ ва ҳамдилии байналмилалии муассисаҳои гумруки саросари ҷаҳон, балки воситаи ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба нақши муҳими гумрук дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатҳо ба шумор меравад.

Январь 26, 2010 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд