15 НЕРӮГОҲ ДАР ДАРВОЗ
Дарвоз, 6 феврал (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Сокинони деҳаи Гушхуни ноҳияи Дарвози ВМКБ аз мушкилоти барқ раҳоӣ ёфтанд. Дар ин деҳа ба наздикӣ нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 35 киловат соат ба кор шурӯъ кард. Тавре ки раиси ноҳия Саидалӣ Музофиров изҳор кард: «Табиати ноҳия барои бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ имконоти зиёдро фароҳам овардааст, бинобар ҳамин сохта ба истифода додани боз чанд нерӯгоҳҳои хурд дар назар дошта шудааст.» Бояд қайд кард, ки чунин як нерӯгоҳ бо иқтидори 100 киловат соат ба наздикӣ дар деҳаи Ҷорф мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, соли равон дар деҳаи Туғмаӣ як нерӯгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода мешавад. Умуман, дар давоми 10 сол охир дар деҳаҳои ноҳияи Дарвоз 15 нерӯгоҳи барқӣ-обӣ бунёд гардида, мушиклоти мардумро осон кардаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






