АЗ ТАРИФИ НАВИ БАРҚ РОЗИАНД

Февраль 22, 2010 09:48

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сокинони ВМКБ    2 моҳ боз аз рӯи тарифи нави барқ маблағи онро пардохт мекунанд. Боиси зикр аст, ки  аҳолии  ВМКБ аз 1 – уми январи соли ҷорӣ дар ин вилоят кимати 1 кВт соат нерӯи барқро  бо нархи 2, 75 сенти амрикоӣ, ки баробари 12,1 дирам    мебошад, харидорӣ  мекунанд. Тибқи маълумоти ба даст омада,  1 кВт соат нерӯи барқ ба  идораҳои буҷавӣ ва муассисаҳои савдо бон архи 5, 16 сенти амрикоӣ, ки баробари 22,5 дирам мебошад, фурӯхта мешавад. Ба гуфти кормандони ширкати «Помир энержӣ», соли ҷорӣ қимати барқ дар Бадахшон нисбат ба соли 2009 13,4 фоиз боло рафт. Айни замон ширкати «Помир энержӣ» аҳолии вилоятро 24 соат бо барқ таъмин менамояд, мардум аз тарифи нави барқ розианд. Чамъоварии маблағ аз истифодаи барқ 92 фоиз иҷро шудааст, ки ин дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи беҳтарин аст.

Февраль 22, 2010 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид