МУЛОҚОТҲО ДАР ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов дирӯз бо Муншии умумии Бунёди ҳамкории техникии Миср бо мамлакатҳои ИДМ Самоҳ Сутӯҳӣ мулоқот кард. Дар мулоқот сафири Ҷумҳурии Араби Миср дар Федератсияи Русия Иззат Саод Алсайёд, сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва омӯзиши нақшаи стратегии паст намудани сатҳи камбизоатии Вазорати тандурустӣ Илҳом Бандаев ва намояндагони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иштирок намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи тандурустӣ муҳокима шуданд. Тибқи паймони бадастомада, минбаъд мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон дар Маркази такмили маҳорати «Ғуним» — и Донишгоҳи Алмансури Ҷумҳурии Араби Миср таҳсил хоҳанд кард. Ҳамчунин мутахассисони соҳаи тибби Миср дар Тоҷикистон роҷеъ ба мавзӯъҳои гуногуни тиббӣ лексияҳо мехонанд. Инчунин дирӯз дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ мулоқоти Нусратулло Салимов бо сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Нурбердӣ Амонмуродов баргузор гардид. Мусоҳибон масъалаҳои ҳамкориро муҳокима карданд. Қарор дода шуд, ки минбаъд ҳар сол 22 донишҷӯи туркман дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил хоҳад кард. Зимни мулоқот қарор дода шуд, ки вазоратҳои тандурустии ҳар ду кишвар дар бораи ҳамкорӣ созишнома имзо карда, байни муассисаҳои таълимии тиббии ҳар ду мамлакат равобити мустақими ҳамкорӣ ба роҳ андохта, маълумот дар бораи паҳн гардидани бемориҳо дар Тоҷикистону Туркманистон дастраси мутахассисони ҳар ду мамлакат гардонида шавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






