ОЗМУНИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ БАРНОМАҲОИ МУБОДИЛАВИИ «ТV CO – OР»

Февраль 15, 2010 11:12

Душанбе,  15  феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Сафоратхонаи  ИМА  дар  Тоҷикистон  барои ширкатҳои  давлатию  хусусии телевизионӣ ва  студияҳои  видео озмуни  барномаҳои телевизионии  мубодилоавии «ТV  Co – oр» — ро барои соли 2010  эълон  менамояд. Сафоратхона лоиҳаи  намоишномаҳоро барои  иштирок дар озмун то  5  марти  соли 2010  қабул  мекунад. Нақшаи  барномаҳоро  ба  забонҳои русию  тоҷикӣ  ва  англисӣ  пешниҳод  кардан  мумкин  аст. Ин барнома  ба   муассисаҳои телевизионӣ  имкон  медиҳад, ки гурӯҳҳои  наворбардори  худро  ба  муддати  ду  ҳафта  барои  наворгирии  филмҳои  мустанад  аз рӯи  мавзӯъҳои  интихобшуда ба  ИМА  фиристанд. Соли равон  дар озмуни  зикршуда  ба  мавзӯъҳои рушди  соҳаи  кашоварзӣ,  истеҳсоли  озуқа, таъмини  бехатарии он,  проблемаҳои  экология,  тағйир  ёфтани  иқлим,  рушди  соҳаи туризм,  волоияти  қонун, аз  ҷумла,  мубориза ба  муқобили ришвахӯрӣ,  хариду  фурӯши ғайриқонунии   маводи  нашъадор, терроризм,  хариду  фурӯши  одамон,  ҳаёти  мусулмонон  дар  Амрико,  нақши  иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ  дар  пешрафти  ҷомеа,  масъалаҳои   масъулияти  давлат  дар  назди  ҷомеа   ва  мавзӯъҳои дигар  дар бораи  ҳаёту  фаъолияти  сокинони  ИМА  афзалияти бештар  дода  мешавад. Гурӯҳи  наворбардорон   зимни  сафар  як ё  якчанд филми  мустанадро ба  навор  гирифта  метавонад. Гурӯҳ  бояд  филми  ба  наворгирифтаашро   ҳамчун  реклама  дар  байни  барномаҳои асосӣ намоиш  диҳад.  Дар  ИМА  гурӯҳи  наворбардоронро   намояндаи   идораи  намоишҳои телевизионии  Департаменти  давлатӣ  ҳамроҳӣ  мекунад. Ба  ғолиби  озмуни «ТV  Co – oр» аз  ҷониби  Департаменти давлатии  ИМА   хароҷоти  вобаста ба  мусофирати  дуҳафтаина  дар  ИМА,  аз  ҷумла,  хароҷоти  нақлиёт,  ҷои  хоб,  хӯрок,  суғуртаи  муваққатии  тиббӣ  ва  хароҷоти  ғайричашмдошти ба  наворгирии   филми телевизионӣ  пардохта  мешавад. Гурӯҳи  наворбардорон набояд  аз  3  нафар  зиёд бошад, ки  яке  аз онҳо  забони  англисиро  донад.  Гурӯҳ  бояд бо  асбобу  анҷоми  зарурии  наворбардорӣ  ва  сабти  овоз таъмин  карда  шавад. Муассисаи телевизионӣ  бояд  кафолат  диҳад, ки  барномаҳои  зимни  сафари  гурӯҳи  эҷодӣ  дар  ИМА  ба навор  гирифташуда дар  байни  барномаҳои  асосӣ  ҳатман  намоиш  дода  хоҳанд  шуд. Роҷеъ ба  озмун   аз Сафоратхонаи  ИМА  дар  Тоҷикистон  маълумоти  иловагӣ  гирифтан  мумкин  аст.

Февраль 15, 2010 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид