ҲАЛОКАТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дафтари матбуоти Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, ки 29 марти соли 2010 дар натиҷаи амалиёти террористӣ дар истгоҳҳои «Лубянка» ва «Парк културы» — и метрои Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Онҳо Абдураҳмонов Умед Ҳусейнович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Вахш, Қаршиев Нодирбек Очилдиевич, соли таваллудаш 1986 ва Эшназаров Исломҷон Камолович, соли таваллудаш 1985 ҳар ду сокинони ноҳияи Турсунзода мебошанд. Дар натиҷаи таркиш шаҳрванди Тоҷикистон Ориё Ёсинович Назаров — сокини шаҳри Душанбе низ маҷрӯҳ шуд. Ӯ айни ҳол дар шифохонаи ёрии таъҷилии тиббии ба номи Склифосовский табобат карда мешавад. Вазъи саломатии мавсуф хуб аст ва ӯро рӯзҳои наздик ҷавоб медиҳанд, гуфта мешавад дар хабари сафоратхона. Кормандони шӯъбаи муҳоҷирати сафоратхона ҷустуҷӯи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар байни шахсони ҳалоку маҷрӯҳшуда давом медиҳанд. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони вазорат ва Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав барои ҳалли масъалаҳои ба ватан фиристодани ҷасади шахсони ҳалокшуда ҳамаи тадбирҳоро меандешанд. Инчунин хабар дода мешавад, ки мақомоти Русия ба аҳли оилаҳои шахсони ҳалокшуда ба маблағи 1 миллион рубли Русия ва ба шахсони маҷрӯҳгардида ба маблағи 460 ҳазор рубли Русия кӯмак мерасонанд. Русия инчунин тамоми хароҷоти вобаста ба фиристодани ҷасадҳоро ба зиммаи худ мегирад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






