ДЕҲҚОНОНИ ХАТЛОН БО ОБ ТАЪМИН МЕШАВАНД
Қӯрғонтеппа, 30 март.(АМИТ «Ховар», Беков Юсуфбек).-Хоҷагии оби вилояти Хатлон мегӯяд,ки ҷамъ шудани қарзи зиёд сабаби сустшудани фаъолияташон гаштааст. Сардори раёсати хочагии оби вилояти Хатлон Мирзо Собиров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт,ки то имрӯз қарзҳо зиёда аз 40 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Онҳо инчунин бинобар қарздориашон наметавонанд,ки дастгоҳҳои обкашониро барои хоҷагидорон дар шаҳру нохияҳо таъмир намоянд ва ин сабаб шудааст,ки ҳамарӯза кори онҳо бенатиҷа мемонад. Ва ин дар навбати худ метавонад,ки мушкили деҳқонону кишоварзонро дучанд созад. Раёсати мелиоратсияи вилояти Хатлон дар сари вақт таьмин кардани хоҷагиҳо ва кишоварзон 73 адад экскаваторро истифода мебарад. Аз рӯи нақша насосҳои обкашро то ба имрӯз 427 ададашро таьмир мекарданд, ҳоло бошад 324 ададаш аз таьмир пурра бароварда шудааст. Барои тоза кардани шабакаҳои захбуру захкаш аз тарафи ҳукумати маҳаллӣ, раиси вилояти Хатлон Ғ. Авзалов 3 миллион сомонӣ ҷудо шуда, то ба имрӯз аз як миллионаш аз худ карда шуд, соли ҷорӣ 95 фоиз шабакаҳои обдиҳӣ пурра тоза карда шуда, барои деҳқону кишоварзони вилоят барои ба об таъмин кардан хеле корҳоро ба анҷом расонида истоданд, мегӯяд сардори хоҷагии оби вилояти Хатлон Мирзо Собиров.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






