МУКОФОТИ СММ БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Март 26, 2010 10:37

Душанбе,  26 март. (АМИТ «Ховар»). —  Тавре  хабар дода шуда буд, Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Оқил  Оқилов   зимни   сафари  панҷрӯзааш ба Ню – Йорк  дар  маҷлиси  Маҷмаи  кулли  СММ  бахшида ба  масъалаҳои  марбут ба  сармоягузорӣ  бо  мақсади  рушди  иқтисодиёт  иштирок  дошт ва  сухан  кард. О.Оқилов  баъди   маҷлис   бо  Муншии  умумии  СММ  Пан  Ги  Мун  мулоқот  карда,  масъалаҳои  ҳамкории  Тоҷикистонро  бо   муассисаҳои  СММ,  вазъияти  минтақа  ва  ғайраро  мавриди  баррасӣ  қарор  дод.  Баъдан  маросими  супоридани  ҷоиза  барои  ба даст  овардани  Ҳадафҳои   рушди  ҳазорсола  дар  доираи  СММ  баргузор  гардид. Ҷоизаи  мазкур  имсол   ба  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  сазовор  дониста  шуд. Ҷоиза ҳар  сол  ба созмонҳо, муассисаҳои ғайридавлатӣ,  мактабҳои олӣ,  фондҳо ва  шахсони  алоҳида  супорида  мешавад, ки  барои  ба  даст  овардани  ҳадафҳои  ҳазорсолаи  СММ  саҳми  бузург  гузоштаанд. Ҷоизаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Сарвазири  мамлакат  Оқил  Оқилов  супорида шуд. Ӯ  баъдан ба  саволҳои  хабарнигорон  ҷавоб  дод.

Март 26, 2010 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд