АКСИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ ОЗОДИИ БАЁН
Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Медиа Альянси Тоҷикистон, 3 май бахшида ба Рӯзи озодии баён, аксияи ҳарсолаи ҳамраъӣ гузаронида мешавад. Имсол аксия иборат аз намоиши саҳнавӣ буда, дар он саҳнаҳое нишон дода мешаванд, ки проблема ва талаботи ВАО- и мустақилро ҷиҳати озодии баён инъикос мекунанд. Ҳамчунин, дар ин рӯз маросими тантанавии супоридани мукофотҳои миллӣ дар соҳаи журналистика- «Барои ҷасорати журналистӣ» ба номи Мазҳабшо Муҳаббатшоев, «Беҳтарин дар касби худ» ба номи Отахон Латифӣ ва интимукофот «Ниҳоди дастнорас» баргузор мегардад. Рамзи махсуси аксияи имсола — гарданбанди дурангаи кабуду сафед мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






