АЗ РАШК ЗАНИ ХУДРО КУШТ

Апрель 27, 2010 14:05

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар ҳудуди шаҳри Роғун як далели куштор ба қайд гирифта шуд. Рӯзи 24 апрели соли равон шаҳрванд Маъруф Мирзоев, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Роғун, дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ бо завҷааш Зӯҳро Иброҳимова, соли таваллудаш 1988, бо санги варзиши, ки вазнаш 8 кг мебошад ба сараш мезанад. Дар натиҷа З. Иброҳимова аз пой афтида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар вақти тафтишот маълум гашт, ки муноқиша за сабаби рашк, сар задааст. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Апрель 27, 2010 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд