ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…

Апрель 1, 2010 15:01

Душанбе, 1 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холид Усмон Қайсар 31 март дар Боғи ботаникии шаҳри  Душанбе  намудҳои гуногуни ниҳолҳои  покистонӣ,  ба мисли локва, чинор ва кечнар шинонд.         Дар ҷараёни сӯҳбаташ бо кормандони Боғи ботаникӣ дипломати покистонӣ изҳор дошт, ки ниҳолҳои мазкур рамзи дӯстиву рафоқат миёни ҳар ду миллати дӯсту бародар мебошанд. Бояд зикр кард, ки иқдоми ниҳолшинонӣ ва таъсиси гӯшаи байналмилалӣ дар Боғи ботаникии пойтахт аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи таҷлили 15-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри 2009 ироа гардида буд. Дар он рӯз Сардори давлати Тоҷикистон аз  намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват ба амал оварда буд, ки дар Боғи ботаникии Душанбе гӯшаи байналмилалиро ташкил намоянд.

Апрель 1, 2010 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид