ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Кормандони Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шоқосим Шоисломов ва дипломатҳои Сафоратхонаи Покистон дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии сафир Холид Усмон Қайсар 30 март дар Боғи набототи Тоҷикистон ниҳолҳои дарахтони аз мамлакатҳояшон овардашударо шинонданд. Аз ҷумла, кормандони сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Боғи наботот ҳашар ташкил намуда, бештар аз 50 ниҳоли дарахтони арча, сарв ва бурсро шинонданд, ки аз гармхонаи шаҳри Деҳнав оварда шуда буданд. Рӯзҳои наздик кормандони сафоратхонаҳои Ҳиндустон, Туркманистон ва Қирғизистон низ дар Боғи наботот ҳашар баргузор месозанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли гузашта зимни таҷлили солгарди навбатии Рӯзи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи наботот намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқиро даъват карда буд, ки дар Боғи миллии наботот гӯшаи интернатсионалӣ бунёд намуда, дар он ниҳоли дарахтони аз мамлакатҳояшон овардашударо шинонанд. Ҳамон вақт намояндагони муассисаҳои дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ ин пешниҳодро якдилона маъқул дониста буданд. Гӯшаи байналхалқии Боғи наботот рамзи дӯстии халқҳо ва эҳтироми Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр хоҳад гашт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






