«ОЗОДИИ СУХАН ВА МУШКИЛОТИ ВАО- И ТОҶИКИСТОН»
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 3 май дар Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Озодии сухан ва мушкилоти ВАО- и Тоҷикистон», ки ба муносибати Рӯзи байналмиллалии матбуоти озод бахшида шудааст, баргузор мегардад.Чорабинии мазкур бо ташаббуси раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон якҷоя бо созмонҳои журналистии ҷумҳурӣ ва дастгирии Институти «Ҷомеаи кушод»- Бунёди Мадад доир мегардад. Дар он иштирокчиён доир ба озодии сухан дар Тоҷикистон ва мушкилоти он баромад намуда, фикру ақидаҳои худро иброз хоҳанд намуд. Ҳамчунин дар доираи мизи мудаввар хотираи рӯзноманигоронеро, ки зимни фаъолияти касбиашон ба ҳалокат расидаанд, ёд мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






