ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶИРО ГУНАҲКОР МЕНАМОЯД
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай баъзе давлатҳои хориҷиро ба таҳрифи натиҷаҳои интихоботи гузаштаи президент гунаҳкор карда, зикр намуд, ки онҳо ба барбод рафтани натиҷаҳои интихоботи қарибулвуқӯи парлумони мамлакат манфиатдор мебошанд. Роҳбари давлати Афғонистон аз ҷумла, рад гардидани қонуни интихоботро дар палатаи поёнии парлумон натиҷаи таҳрифкории давлатҳои хориҷӣ номид. Хабар дода мешавад, ки вакилони палатаи поёнии парлумони Афғонистон 31 март якдилона ба муқобили қабули лоиҳаи қонун дар бораи интихобот овоз доданд. Лоиҳаи қонуни мазкурро президенти мамлакат пешниҳод карда буд. Қонун сабаби норизоии аксарияти вакилон гардид. Зеро дар он пешниҳод карда мешуд, ки ба президент ва ҳукумати мамлакат салоҳиятҳои бештар дода шавад. Аз ҷумла, пешниҳод карда мешуд, ки президент аз 5 аъзои комиссияи баррасии аризаю шикоятҳо ва муроҷиатҳои парлумон 3 нафарро таъин намояд. Ба қавли Ҳ.Карзай, вакилон лоиҳаи қонунро таҳти фишори мамлакатҳои хориҷӣ қабул накарданд. Вай зикр кард, ки рӯзҳои наздик варианти нави қонун ба муҳокимаи парлумон пешниҳод карда мешавад. Президенти Афғонистон изҳор намуд, ки дар ягон мамлакати ҷаҳон дар ҳайати мақомоти мутасаддии гузаронидани интихобот шахсони хориҷӣ нестанд. Бинобар ин қайд карда шуд, ки оянда ҷараёни гузаронидани интихобот танҳо ба зиммаи мақомоти дохилӣ гузошта шавад. Ба қавли президенти Афғонистон қарори парлумон дар бораи рад кардани лоиҳаи қонуни интихобот ба Қонунии асосии мамлакат мухолиф мебошад. Вазорати адлияи Афғонистон низ қарори вакилонро ғайриқонунӣ номид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






