СӮХБАТИ МУХБИРИ АМИТ «ХОВАР» БО ШАХСИ ОСЕБДИДА

Апрель 1, 2010 15:14

Маскав, 1  апрел. (АМИТ «Ховар»,  Ҳалима  Хушқадамова). —  Мухбири  АМИТ «Ховар» дирӯз  дар  Маскав  бо   сокини   Душанбе, Ориё  Назарови 24 — сола ҳамсӯҳбат  шуд, ки  29  март  дар  натиҷаи  амалиёти  террористӣ дар метрои   Маскав   маҷрӯҳ  гардидааст. О.Назаров  7  сол  боз  дар  пойтахти  Русия  кору  зиндагӣ мекунад. Вай  нақл  кард, ки  29  март   мисли  рӯзҳои  муқаррарӣ  дар истгоҳи  метрои  «Текстилшики»  ба  қатора   нишаста, ба  сӯи  истгоҳи  «Спортивная» равон  шудааст, ки  дар наздикии он  дар  яке  аз  муассисаҳои  савдо  кор  мекард. Ман  дар  истгоҳи  метрои «Кузнетский мост»  ба  воситаи  эскалатор ба  боло  баромада,  мехостам  ба  истгоҳи  метрои «Лубянка»  гузарам. Ҳамин  лаҳза садои таркиш  шунида шуд  ва  замин сахт  ҷунбид. Ман  аз  зарбаи  мавҷи  таркиш  ба  замин  афтодам, — гуфт Ориё  Назаров. – Баъди  чанд  лаҳза ба  худ  омада, то  истгоҳи «Лубянка» рафтам.  Дар  он  ҷо  одамони  зиёде ҷамъ  шуда,   духтурон  ба   маҷрӯҳон  ёрӣ мерасонданд ва  онҳоро  ба  воситаи   мошинҳо  ва   чархболҳо ба шифохона  мефиристоданд. Дар ин  лаҳзаҳо  вазъи  саломатии  ман бад  шуд,  сарам  чарх  мезад,  базӯр  ба  по  меистодам. Бо  вуҷуди  ин коре  карда,  ба  ҷои  корам  рафтам.  Дар  он  ҷо  аҳволам  хеле   вазнин шуд, аз бинниам  хун  беист  мешорид. Ҳамкоронам  мошини ёрии таъҷилии тиббиро  даъват  намуданд. Духтурон  маро  ба  шифохонаи  ёрии таъҷилии  тиббии ба  номи  Склифосовский  бурда,  фавран  кӯмаки   таъҷилии  тиббӣ  расониданд.   Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  Ориё  Назаров  айни  ҳол  аз  шифохона  ҷавоб  шудааст. Вазъи  саломатии  ӯ  мӯътадил  мебошад.

Апрель 1, 2010 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад