«СОЛОНАИ АЙНӢ»
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бахшида ба рӯзи таваллуди асосгузори адабиёти муосири тоҷик, раиси нахустини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Солонаи Айнӣ» ҷамъомади илмӣ баргузор мегардад. Ҷамъомади мазкурро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳо ҳамроҳи Кумитаи айнишиносии академия ҳар ду сол як маротиба баргузор месозанд. Дар ҷамъомад бахшида ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти Садриддин Айнӣ чор маърӯза хонда мешавад. Муаллифони ин маърӯзаҳо ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Мамадюсуф Имомов, номзади илми филология Масрур Абдуллоев, доктори илми филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов, доктори илми филология Абдулҳай Маҳмадаминов ва доктори илми филология Шоҳзамон Раҳмонов мебошанд. Садриддин Айнӣ асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби ҷамъиятӣ ва олими машҳур буда, дар истиқрори ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухоро нақши муҳим бозидааст. Ӯ муаллифи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» мебошад, ки солҳои 30 юми асри гузашта чоп шуда буд. С.Айнӣ инчунин нахустин раиси Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва нахустин барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон мебошад. Повестҳои «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Ёддоштҳо», «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд. С.Айнӣ бо орденҳои Ленин ва Байрақи сурхи меҳнат мукофотонида шудааст. Соли 1950 барои асари «Ёддоштҳо» барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Сталин ва Ҷоизаи давлатии ИҶШС гардидааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






