ҚАБРИ ПАРИИ ҲИСОРӢ ЁФТ ШУД

Май 27, 2010 10:36

Ҳисор, 27 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев)- Муаллими  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40, номзади илмҳои филология Сайидмурод Эшзода солҳои зиёд, ки ба таҳқиқи осор ва зиндагиномаи Парии Ҳисорӣ машғул аст, ба комёбии нодир мушарраф гашт. Ў дар натиҷаи ҷустуҷўҳои пайваста ва таҳқиқи сарчашмаҳои таърихӣ муайян намуд, ки оромгоҳи шоири бузург Парии Ҳисорӣ дар мавзеи Оқмазори назди деҳаи Томчии ноҳияи Сарбанд мавҷуд аст.  Дар дахмае, ки дар ин  ҷо ёфт гардид., Парии Ҳисорӣ ва ҳокими асри Х1Х-и Ҳисор Абдукарим-девонбегӣ ҳамроҳи наздиконаш (ҷамъ 28 нафар) мадфунанд.  

Май 27, 2010 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш