АМОНАТБОНК: «КӮМАК БА ЗАРАРДИДАГОНИ КӮЛОБ ДАВОМ ДОРАД»

Май 27, 2010 11:41

Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар, Покиза Маҳмадбекова). — Офати табии рӯзҳои 6-7 майи соли ҷорӣ ба навоҳии  минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон расида, ҳисорот ва зиёни ҷониву моли зиёдеро ба бор овард. Офати аз боронҳои сел ба амаломада садҳо манзилҳои истиқоматӣ ва молу ашёи рузгори  сокинони минтақаи мазкурро вайрону валангор намуда, ба коми худ бурд. Ҳукумати  ҷумҳурӣ аз соатҳои нахустини ҳодиса, чорабиниҳои зиёдеро баҳри бартараф намудани оқибатҳои офати мазкур амалӣ намуда,  тамоми сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро баҳри рафъи он сафарбар намуд. Ба   мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки Давлатии амонатгузории (БДА) «Амонатбонк» Одинашо Муродов иттилоъ дод, «Бади як рузи ҳодисаи номбурда дар  БДА «Амонатбонк» суратҳисобҳо бо арзи миллӣ ва асъори хориҷӣ барои Фонди кӯмак ба зарардидагони шаҳри Кӯлоб ва навоҳии вилояти Хатлон кушода шуд, ки то имрӯз амал мекунанд». «То 26 майи соли 2010 ба суратҳисобҳои номбурда аз ҷониби 410 шахсони ҳуқуқи ва вақеъӣ, дар маҷмӯъ бо арзи миллӣ ва асъори хориҷӣ ба миқдори як миллиону 247 ҳазору 886 сомонӣ ворид гаштааст»,- гуфт, О. Муродов. Ворид гаштани кӯмакҳои номбурда ба суратҳисоби фонди мазкур идома дошта,  ташкилоту корхона ва шахсони алоҳида аз дохил ва хориҷи кишвар,  баҳри рафъ ва дастгирии сокинони ин мавзеъ маблағҳои худро мегузаронанд.                                                                                                                                                       

Май 27, 2010 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад