ДАР ОЗМУН ДАРХОСТҲОИ БОНКҲО ДАСТГИРИ НАШУД
Душанбе 28 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 27 майи соли равон дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ оиди чойгир намудани маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои НОБ-и Роғун ба дастомада ва ҷойгир намудани онҳо дар депозитҳои бонкҳои ҷумҳурӣ озмун баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотӣ Вазорати молияи ҷумҳурӣ Момагул Шодиева иттилоъ дод, «дар озмун аъзоёни комиссия дар хайати кормандони масъули Вазорати молияи ҷумҳурӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, ҶСК «НБО Роғун» ва Шӯрои ҷамъияти оид ба назорати харҷи маблағи аз фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд. Ба озмун дархостҳо аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСК «Бонки Эсхата» қабул карда шуданд». Дар натиҷаи баррасии дархостхои пешниходгардидаи бонкҳои номбаршуда муайян гардид, ки фоизи миёнавазни депозитҳои дархостшуда ба андозаи 6 фоизи солона баробар мебошад. Бо дарназардошти паст будани меъёри фоизи пешниҳодгардида, аз тарафи бонкхои номбурда, аз ҷониби аъзоёни Комиссияи озмун дархостҳои бонкҳои мазкур дастгири нашуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






