ДАВЛАТҲОИ ИДМ БА ҲАМДИГАР КӮМАКИ ҲАРБӢ МЕРАСОНАНД

Май 27, 2010 09:13

Маскав,  28 май. (АМИТ «Ховар»). – Шӯрои  Федератсияи  Русия  26  май  қонуни  федералиро «Дар  бораи  тасвиби  протоколи  ташкили  ҳамкории   ҷузъу  томҳои  марзбон  ва  сохторҳои  дигари   давлатҳои  аъзои  ИДМ  дар  масъалаи   расонидани  кӯмак  ба  ҳамдигар   зимни  ба  вуҷуд  омадани  вазъияти  бӯҳронӣ  дар   минтақаи  сарҳад» маъқул  донист. Қонун  бо  аксарияти  кулли  овозҳо   тасдиқ  карда  шуд.  Мамлакатҳои  аъзои  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  паймон  карданд, ки минбаъд  дар  мавриди  рух  додани  вазъияти  бӯҳронӣ  дар  минтақаи  сарҳад  ба  ҳамдигар  кӯмаки  ҳарбӣ  расонанд.  Протоколи  мазкурро  сарони  давлатҳои  Русия,  Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон  ва  Тоҷикистон  моҳи  октябри  соли  2007   имзо  карда буданд.  Белорусия  изҳор  намуд, ки  ҷузъу  томҳои  марзбон  ва   воҳидҳои  дигари  низомии  худро  ба  қаламрави  мамлакатҳои  дигар   нахоҳад  фиристод. Дар  ҳуҷҷат  асосҳои   ташкил   ва   роҳу  воситаҳои  ҳамкории  қувваҳои  низомии   мамлакатҳои  аъзои  ИДМ  дар  мавриди  рух  додани  вазъияти  бӯҳронӣ  муайян  карда  мешавад.   Ҳамчунин  тартиби   анҷом  додани тадбирҳои  муштарак,  ҳалли  масъалаҳои баҳснок,  мақоми   ҷузъу  томҳои  ҳарбӣ  ва  вазъияти  ҳуқуқии  фаъолияти онҳо   мувофиқа  карда  шуданд.  Қайд  карда  мешавад, ки  мамлакатҳои  дигар  ба  протоколи  мазкур   ҳамроҳ  шуда  метавонанд.

Май 27, 2010 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст