МА&#1206ЛИСИ Ш&#1262РОИ РО&#1202БАРОНИ МУАССИСА&#1202ОИ АНДОЗИ &#1206ОМЕАИ И&#1178ТИСОДИИ ЕВРАЗИЯ

Май 31, 2010 10:29

Душанбе,  31 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари  Абубакр). —  Аз  31  май  то  3  июни  соли равон  дар  Душанбе  маҷлиси  25 – уми  Шӯрои   роҳбарони  муассисаҳои  андози  назди  Кумитаи  ҳамгироии  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  ва   маҷлиси  17 – уми  Шӯрои   ҳамоҳангсози роҳбарони  муассисаҳои  андози  давлатҳои  ИДМ  баргузор  мегардад. Дар  ин  маҷлисҳо  масъалаҳои  марбут ба  иҷрои  қарорҳои қаблан қабулгардида  муҳокима  карда  мешаванд. Таҳлили   натиҷаҳои  фаъолияти  муассисаҳои  андоз,  дастраси  ҳамдигар  гардонидани таҷрибаҳои  муфид,  усулҳои  сабти  номи  андоздиҳандагон,  афзун  гардонидани  масъулияти  Шӯрои роҳбарони  мақомоти  андоз,   таҳлили  тадбирҳои  назоратӣ  нисбати   субъектҳои   соҳибкории  хурд,  муҳокимаи  нақшаи  фаъолияти  Шӯрои  роҳбарони  муассисаҳои  андози  Ҷомеаи   иқтисодии  Евразия  дар  соли  2010  ва  ғайра  аз  ҳамин  ҷумлаанд. Дар  ин  маҷлисҳо   роҳбарони  муассисаҳои  андози  давлатҳои   аъзои  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  ва  ИДМ  ширкат  меварзанд. Қайд  карда  мешавад, ки  дар  натиҷаи  гузаронидани  маҷлисҳои  мазкур  дар  шаҳри  Душанбе   саҳми  Тоҷикистон  дар  равнақу  ривоҷи  ҳамкорӣ  бо  хадамоти  андози  мамлакатҳои Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  ва  ИДМ  ба  маротиб  хоҳад  афзуд.  Айни  ҳол  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  Русия, Белорусия,  Қазоқистон, Қирғизистон ва  Тоҷикистонро  муттаҳид  менамояд. Молдавия,  Арманистон ва  Украина   дар  он   мақоми  мушоҳид  доранд.

Май 31, 2010 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид