ОМӮЗИШИ ХАРГӮШПАРВАРӢ
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Бо назардошти тараққӣ додани соҳаи харгӯшпарварӣ ва ҳалли масъалаи амнияти озуқаворӣ аз тарафи Ассосиатсияи Миллии ташкилотҳои машваратии «АгроДониш» бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти башардӯстонаи ОКСФАМ Новиби Ҳолланд рӯзи 27.05.2010 дар корхонаи харгӯшпарварии ҶДММ «Домулло» семинарии омӯзишӣ оид ба парвариши харгӯшон гузаронида шуд. Дар он мушовирон, мутахассисон ва фермерони харгӯшпарвар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ иштирок варзида, бахри вусъат додани ин соҳа, зиёд намудани саршумори зотҳои самти гӯштӣ, гӯшту-пӯстӣ, истифода намудани таҷрибаи пешқадами усули акселеративии Михайлов И.Н., мубодилаи афкор намуданд. Ба ҳамаи иштирокчиён рисолаи нави «Дастур оид ба парвариши харгӯш», ки аз тарафи Ассотсиатсия Миллии сохторҳои машваратии «АгроДониш» ба чоп расидааст, ба тариқи ройгон дастрас гардид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






