ОЗМУН ДАР БАЙНИ ЖУРНАЛИСТОН

Май 13, 2010 09:30

Душанбе, 13 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соли 2010 — Соли маориф ва фарҳанги техникӣ озмуни нашрияи беҳтаринро эълон менамояд. Тибқи Низомномаи озмун тамоми журналистони  ҳафтаномаҳо ва маҷаллаҳои ҷумҳурӣ (ба ғайр аз нашрияҳои соҳавӣ) новобаста аз шакли моликияташон дар озмун метавонанд ширкат варзанд. Идораи нашрияҳо маводҳои худро то 15 ноябри соли равон метавонанд ба дафтари матбуоти  Вазорати маориф (утоқи 104) пешниҳод намоянд. Озмун моҳи декабри соли равон ҷамъбаст карда мешавад. Барои ғолиби озмуни нашрияи беҳтарин се ҷой ҷудо карда шудааст: — ҷойи якум  2500 сомонӣ, дуюм 1500 сомонӣ ва ҷойи саввум 1000 сомонӣ. Инчунин, тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев,  сармуҳаррирони нашрияҳои беҳтарин бо нишони ифтихории  «Аълочии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳайти кормандони нашрияҳое, ки дар эҷоди мавод саҳм гирифтаанд, бо «Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

Май 13, 2010 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид