ПАЙДОИШИ МАЛАХ ДАР БАДАХШОН
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Ҳайати гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ рафти кишту корҳои баҳориро дар соҳаи кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омӯхта баромада, кӯмакҳои методӣ расонид. Гурӯҳи корӣ маълум намуд, ки дар хоҷагиҳои ноҳияи Дарвоз хатари ҳуҷуми малах ба зироатҳои кишоварзӣ мушоҳида мегардад. Бо ин мақсад, дар назди раёсати кишоварзии ноҳия ситоди «Мубориза бар зидди малах» таъсис дода, 50 литр заҳрхимикати Фастрак, 50 дона дорупошакҳои дастӣ кумак карда шуд. Малахҳои пайдошуда ғайриғаллагӣ бо номи канафима ва прусҳои оддии саҳроӣ буда (пустынная саранча) дар ноҳияи Дарвоз ҳангоми аз меъёр зиёд гармшавии ҳаво пайдо шудаанд. Дар майдони 60 гектар бо иштироки мутахассисони вазорат бо меъёри сарфаи заҳрхимикати фастрак ба миқдори 200-250 грамми ба як гектар бо усули дастӣ коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд. Айни замон сарраёсати кишоварзии вилоят ва раёсати кишоварзии ноҳияи Дарвоз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатии вилоят ва ноҳия баҳри мубориза бар зидди малах чораҳои амалӣ андешида истодаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






