ПАЙДОИШИ МАЛАХ ДАР БАДАХШОН

Май 27, 2010 09:44

Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Ҳайати гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ рафти  кишту корҳои баҳориро дар соҳаи кишоварзии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  омӯхта баромада, кӯмакҳои методӣ расонид.  Гурӯҳи корӣ  маълум намуд, ки дар хоҷагиҳои   ноҳияи Дарвоз  хатари ҳуҷуми малах ба зироатҳои кишоварзӣ мушоҳида мегардад. Бо ин мақсад,  дар назди раёсати кишоварзии ноҳия ситоди «Мубориза бар зидди малах» таъсис дода, 50 литр заҳрхимикати Фастрак, 50 дона дорупошакҳои дастӣ кумак карда шуд. Малахҳои пайдошуда   ғайриғаллагӣ  бо номи канафима ва прусҳои оддии  саҳроӣ буда   (пустынная саранча)   дар ноҳияи Дарвоз  ҳангоми аз меъёр  зиёд гармшавии ҳаво  пайдо шудаанд. Дар майдони 60 гектар  бо иштироки мутахассисони вазорат  бо меъёри сарфаи заҳрхимикати фастрак ба миқдори 200-250 грамми ба як гектар  бо усули дастӣ коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд. Айни замон сарраёсати кишоварзии вилоят ва  раёсати кишоварзии ноҳияи Дарвоз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои  давлатии вилоят ва ноҳия  баҳри  мубориза бар зидди малах  чораҳои амалӣ андешида истодаанд.    

Май 27, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид