ПОСИ ХОТИРИ АДИБИ БУЗУРГ
Ҳисор, 27 май. (АМИТ «Ховар». Ҳотам Рабиев) — Шоир, нависанда ходими бузурги давлатӣ Ҳабибулло Назаров дар солҳои 60-уми асри гузашта, баъди ба нафақа баромадан ба сокинони деҳаи азизаш – қишлоқи Тўда хизмати арзандае кард, ки имрўз кулли сокинони деҳа номи ўро бо шукргузорӣ ва миннатдорӣ ба забон мегиранд. Ў бо роҳи ҳашар аз масофаи 8 километр оби чашмаро ба воситаи қубурҳо оварда, аҳли деҳаро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намуд. Ҳамчунин роҳҳои деҳа мумфарш карда шуд. Алҳол дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ки номи ўро дорад, осорхонаи адабии ин адиби бузург таъсис ёфтааст. Осорхонаи мактаб зиёда аз 600 нигораҳои гуногуни адабию таърихӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки Ҳабибулло Назаров солҳои тўлонӣ баробари шоирӣ ва нависандагӣ вазифаҳои муҳими давлатӣ – Раиси Суди Олӣ ва Вазири адлияи Тоҷикистонро ба ўҳда дошт.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






