ШАҲРАКИ УММОН БАРОИ ЗАРАРДИДАГОН

Май 19, 2010 16:40

Душанбе,  19 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Юсуф ибни Алавӣ  имрӯз  баъди мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни вохӯрӣ бо хабарнигорон  мухтасар сӯҳбат кард. Вай зикр намуд, ки салому паёми Султони Уммон  Қобус ибни Саидро ба  Ҷаноби Олӣ расонидааст. «Аз ҷумла ба маълумоти Ҷаноби Олӣ расонидам, ки имрӯз як ҳайати мамлакати мо таҳти  роҳбарии раиси созмони  хайрияи Уммон барои баррасии масъалаи бинои шаҳраки  «Уммон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф меорад. Ин шаҳрак дар минтақаҳое сохта мешавад, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд», гуфт Юсуф ибни Алавӣ. «Имрӯз барои ман фурсат расидааст, ки аз ҷониби ҷаноби Олӣ дар бобати имкониятҳо ва шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маълумот пайдо намоям  ва ман умедворам, ки дар оянда салтанати Уммон бо сармоягузорӣ дар барномаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон  саҳмгузорӣ намояд. Аз ин хотир мо ба мувофиқа расидем, ки дар оянда ҳайат аз  Уммон  ба ин кишвар ташриф биёранд», қайд кард  вазир.  «Ин як оғози некест барои густариши муносибатҳои дуҷонибаи  Тоҷикистон ва Уммон  ва барои тақвият бахшидани робитаҳои дустии байни ду кишвар»-қайд кард дар хотима меҳмони олиқадр.  Ӯ ҳамчунин изхор дошт,  ки  «мо тайёрем  бо  Тоҷикистон дар соҳаҳои сармоягузорӣ , чорводорӣ  ва коркарди меваю сабзавот  ва дигар бахшҳо хамкорӣ кунем».

Май 19, 2010 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид