ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БА МУҚОБИЛИ МАЛАХ ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРАНД

Май 27, 2010 11:39

Душанбе,  27 май. (АМИТ «Ховар»). – Рӯзҳои охир  дар  баъзе  минтақаҳои  бо  Афғонистон  ҳамсарҳади   ҷумҳуриҳои  Тоҷикистон  ва  Ӯзбекистон  паҳн  гардидани   малахи  марокаш  ба  қайд  гирифта  шуд. Дар  робита   вазири  кишоварзии  Тоҷикистон  Қосим  Қосимов   ба  унвони   вазири  кишоварзии  Ӯзбекистон Зафар  Рӯзиев   мактуби  расмӣ  фиристода,  хоҳиш  намуд, ки  барои ошкор  сохтани  манбаъҳои  паҳншавии  малах  ва   нобуд  сохтани он  тадбирҳои  муштарак  андешида  шаванд. Гурӯҳи намояндагони Тоҷикистон аз  20  то  23  май  дар  вилояти  Сурхондарё  мусофират  доштанд. Дар  мулоқоти онҳо  бо  мутахассисони  соҳаи  кишоварзӣ  Сарвазири  Ӯзбекистон Шавкат  Мирзиёев  иштирок  дошт. Хабар  дода  мешавад, ки  дар  вилояти  Сурхондарё  барои  нобуд  сохтани  малах  ду  ҳавопаймои  хурд,  2  делтаплан, 6 дастгоҳи дорупошии  «Микронер», 280  трактор ва  ғайра  истифода бурда  мешавад.  Директори генералии Маркази   муҳофизати  наботот  ва  агрохимияи Ӯзбекистон  Раҷаббой  Очилов  хабар  дод, ки  Ҳукумати  мамлакат  ҳар  сол   барои  мубориза ба  муқобили  малах бештар  аз  4  миллион  доллари  ИМА  ҷудо  мекунад. Соли  2010  паҳн  гардидани  малах  дар  Тоҷикистон  дар  масоҳати бештар  аз 65  ҳазор  гектар  мушоҳида  карда шуд. Мутахассисон то  имрӯз  дар  масоҳати  бештар  аз  50  ҳазор  гектар  дору  пошиданд. Бо  ин  мақсад  40  трактор,  қариб  ҳазор  дастгоҳи  дорупошӣ  ва  ғайра   истифода  карда  мешавад. Вале  вақтҳои охир  малах аз Афғонистон  бештар  ба  маҳалҳои  душворгузари  кӯҳистони  Тоҷикистон  паҳн  гардидааст. Ин  кори   мутахассисонро  то  андозае  душвор  мегардонад. Намояндагони  Тоҷикистону  Ӯзбекистон  қарор  доданд, ки  ба  муқобили  ҳашароти   зараррасони  соҳаи  кишоварзӣ  ва  хусусан  малах якҷоя  мубориза баранд. Сафоратхонаҳои  ҳар  ду  мамлакат  вазифадор  шудаанд, ки  барои   рафту  омади   мутахассисон   ба  минтақаҳои  наздисарҳадӣ  шароит  муҳайё  созанд. Мухбири  АМИТ «Ховар» ёдовар  мешавад, ки   малахи марокаш  асосан   дар   мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ,  Қазоқистон, Қафқоз,  Баҳри  Миёназамин,  Эрон ва  Афғонистон паҳн  гардидааст.

Май 27, 2010 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд