ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ ОФАТЗАДА

Май 17, 2010 17:36

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-    Комиссия махсуси Вазорати кишоварзӣ аз рӯзҳои аввали офати табии дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо намояндагони Сарраёсати кишоварзии вилоят ва раёсати кишоварзии минтақавии Кӯлоб фаъолият дорад. Аз рӯи маълумотҳои санҷидаи онҳо зарари офати табиӣ, ки пешакӣ муайн шуда буд, дақиқ ва ба маротиб кам гардид. Яъне киштзорҳои аз офати табиӣ зарардида 2580 гектарро ташкил медод, ки аз он ҷумла 1418 гектар пахта, 674 гектар ғалладонагиҳо, 216 гектар сабзавот, 49 гектар картошка, 10 гектар полезиҳо, 176 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва 37,5 гектар боғҳо мебошанд. Рафти санҷиш аз тарафи гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ нишон дод, ки дар минтақаҳои офатзада санаи 15 майи соли 2010 масоҳати зарари расида ба киштзорҳо ҳамагӣ 1456 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 851 гектар пахта, 354 гектар ғалладонагиҳо, 102 гектар сабзавот, 10 гектар картошка, 7 гектар полезиҳо, 125 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва 3 гектар боғ мебошад. Ин нишондод нисбати маълумотҳои пешакӣ пешниҳодшуда 1128 гектар кам аст. Адади чорвои талафёфта, ки қаблан 1496 сарро ташкил медод, ба миқдори 459 сар кам гардид. Ин ва дигар маълумотҳои аниқкардашуда оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ санаи 15-ми май дар ҷаласаи сафари вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ гардид. Сипас, Вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов аз мавзеъҳои офатазадаи минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла ҷамоатҳои «Даҳана», «Зиракӣ», «Кӯлоб», «Зарбдор» ва иншооти обтаъминкунӣ, ба монанди дарвозаи обтақсимкунии ҷамоати деҳоти «Ҷерқалъа» дидан намуда, ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мутахассисони соҳа барои барқарор намудани киштзорҳо, гузаронидани кишти дуюмбора ва гузаронидани корҳои агротехникӣ маслиҳату дастур дод. Корҳои барқарокунӣ дар киштзорҳо оғоз шуда, фақат дар хоҷагии ба номи Ҳамдонӣ наздики дар майдони 300 гектар пахтазор дуюмбора кишт гардидааст.       Дар асоси омӯзиши дақиқи вазъияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҳишу дархости бевоситаи онҳо Вазорати кишоварзӣ тасмим гирифтааст, ки барои гузаронидани кишти дуюмбора ва барқарорнамудани майдони киштзор дар масоҳати то 500 гектар тухмиҳои пахта, ғалладонагиҳо, сабзавот, полезӣ тариқи ройгон ҷудо намояд. Бо супориши вазир  боқимондаи ҳосили киштзорҳои ғалладона дарав карда шуда, ба ҷои он дигар зироатҳо кишт карда мешавад. Аз ҷумла, вазорати кишоварзӣ барои 300 гектар ҷугорӣ, 50 гектар помидор, 10 гектар харбуза, 5 гектар пиёзи бех, 5 гектар бодиринг, 5 гектар тарбуз, 2 гектари лубиёву  каду  аз ҳисоби худ тухмӣ ҷудо мекунад. Зимни сафари худ ба мавзеъҳои офатзада Қ.Қосимов аз шабакаҳои обтаъминкунӣ, ки аксаран бо сабаби омадани сел шуста вайрон шудаанд,  низ дидан намуда, ба коммисияи давлатӣ оиди барқароркунии онҳо фикру дархости худро ирсол намуд. Танҳо як иншооти обтақсимкунии «Ҷерқалъа», ки пурра аз кор баромадааст, 1500 хоҷагиҳои оилавӣ ва 1200 гектар. киштзорро бо об таъмин менамояд. Дар асоси аризаи сокини шаҳри Кӯлоб кӯчаи Чармгари Поён хонаи 435 Саъдиев Ҷ.С, ки аз офати табиӣ оилаҳои занбӯри асалаш нобуд шудааст, ба миқдори 20 (бист) оила занбӯри асал бо қуттиҳояш аз ҳисоби Вазорати кишоварзӣ таъмин карда мешавад. Вазорати кишоварзӣ барои дастгирии сокинони минтақаи Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби худи вазорат дар оғози фасли тирамоҳи соли 2010 дар майдони 10 гектар боғи мевадиҳандаро бунёд намояд. Дар баробари ин Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо КВДҶ «Тоҷикагролизинг» 6 адад таркторҳои ғалладаравро барои гузаронидани дарав ва тоза кардани минтақаи сохтмони хонаҳо барои оилаҳои беҷомонда, ки аз тарафи комиссияи давлатӣ муайян карда шудааст, сафарбар намуд. Корҳои барқароркунӣ дар мавзеъҳои офатзада идома дорад. Ёдовар мешавем, ки Вазорати кишоварзӣ дар яҷоягӣ бо сохторҳои худ то 6-уми ноябри соли ҷорӣ 3 адад хонаҳоро бо тамоми таҷҳизоташ сохта ба оилаҳои осебдидаи шаҳри Кӯлоб пешниҳод менамояд.    

Май 17, 2010 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид