3 ТОННА БИРИНҶИ ИСТЕҲСОЛИ ЧИН БА СТАНДАРТИ ИСТЕЪМОЛӢ ҶАВОБГӮ НАБУД
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Кормандони «Тоҷикстандарт» 3 тонна биринҷи истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитойро барои ҷавобгӯ набудан ба талаботи стандартҳои истеъмолӣ нобуд карданд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд, ки директори ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Офтобпараст» шаҳрванди хитой Ҷав ли Мин ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат кардааст, ки сифати маҳсулоти ӯро аз ташхис гузаронанд. Дар вақти санҷиш маълум гашта, ки дар натиҷаи чакидани борон дар анбор 3 тонна биринҷи хитоӣ вайрон шудааст. Баъди тартиб додани санад 3 тонна биринҷ дар ҳузури кормандони «Тоҷикстандарт», Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи ҳифзи табиати шаҳри Душанбе нест карда шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






