БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ ХАВФНОК
Хоруғ, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Имрӯзҳо дар саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври чоруми дорудиҳӣ ба бачагон барои пешгирии бемории фалаҷи ҳароммағз давом дорад. Дар ин давра ба 8 ҳазору 292 нафар кӯдакон ва наврасон дору дода мешавад. Бояд гуфт, ки то имрӯз дар ҳудуди вилоят ягон нафар бемори гирифтори фалаҷи ҳароммағз ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин кормандони соҳаи тиб барои пешгирии беморӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд. Инчунин кормандони маркази табобати бемориҳои сил ва табларзаи вилоят барои ошкор сохтани бемории сид дар байни аҳолӣ маъракаи навбатии эмкуниро пеш гирифтанд. Директори марказ Маҳзур Меҳтаршоев зикр кард, ки аз аввали моҳи июн эмкунии бачагони то 14 – сола гузаронида мешавад. Мавсуф афзуд, ки дар давоми 15 – соли гузашта барои ошкор намудани беморони сил дар вилоят ягон тадбир андешида нашуда буд. Маъракаи имсола бо дастгирии вазорати тандурустӣ гузаронида мешавад. Ин маърака имкон медиҳад, ки сатҳи паҳн гардидани беморӣ дар байни мардум аниқ муайян карда шавад, гуфт М.Меҳтаршоев.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






