Э. РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ДУРДАСТИ МУРҒОБ
25 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи дурдасти Мурғоб ташриф оварда, нахуст ба сохтмони як нерўгоҳи хурди обӣ оғози расмӣ бахшид ва бо намояндагони сершумори мардуми ин ноҳия мулоқот намуд. Дар ноҳияи Мурғоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи сохтмони як нерўгоҳи хурди обӣ гузошт, ки иқтидори лоиҳавияш 2,5 ҳазор киловатт/соат буда, бо маблағгузории муштараки Тоҷикистону Олмон дар муддати кўтоҳ бунёд меёбад. Барои сохтмони ин нерўгоҳ харҷи 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Зимни мулоқот бо мардуми ноҳия ҳамчунин зикр гардид, ки бо сохта, ба кор дароварда шудани ин нерўгоҳ мушкили барқтаъминкунӣ дар ин ноҳия пурра бартараф мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои таъмини доимии мардуми ин ноҳияи дурдасту баландкўҳ ва дорои иқлими вазнин бо ангишту дигар навъҳои сўзишворӣ, озуқаворӣ ва ғайра супришҳои мушаххас дод. Мардуми ноҳияи Мурғоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷаҳду талошҳои беназираш баҳри таҳкими фазои сулҳу оромӣ дар кишвар ва рушди нумуи бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла дар ин минтақаи дурдасти баландкўҳ арзи сипос карданд. Дар ноҳияи Мурғоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як барномаи варзишӣ-фарҳангӣ низ иштирок намуд. Зимни он ҷавонону духтарони маҳаллӣ ҳунарҳои аспдавонӣ ва мусобқаҳои гуногуни бо асп иҷрошавандаро намоиш доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






